Элмар Маммадёров-вазири корҳои хориҷаи Озарбойҷон дар Маскав бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мулоқот анҷом медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки ҷонибҳо дар мулоқоти худ баҳсҳо пиромуни Қарабоғи Кӯҳистонӣ ва роҳҳои таҳкими робитаҳои миёни Русия ва Озарбойҷонро баррасӣ мекунанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки Маммадёров дар давоми боздиди дурӯза ҳамчунин бо Сергей Наришкин-раиси Думаи Давлатии Русия низ дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ҷониби Русия мегӯяд, соли ҷорӣ доду гирифти миёни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад афзоиш ёфтааст. Барои афзоиши воридоти фаровардаҳои кишоварзӣ аз Озарбойҷон ба Русия тадбирҳо андешида шудааст.