Пулис мегӯяд, писари раиси ҷумҳури Покистон аз таркиши бами роҳ осеб надидааст. Дар ин таркиш 3 нафар кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин таркиш шоми 24 май дар вилояти дурафтодаи Балуҷистон рух дод.
Ғулом Расул-як корманди пулис мегӯяд, баме дар мототсикл гузошта шуда будааст ва онро аз дур бо дастгоҳи ҳидоятшаванда таркондаанд. Ҳангоми таркиш мошини Сулаймон Мамнун Ҳусайн аз паҳлӯи ин мототсикл гузаштааст.
Ба гуфтаи ин корманди пулис, шахсони кушташуда ва аксари ононе, ки ҷароҳат бардоштаанд, роҳгузарон будаанд. Баъзе аз кормандони пулис, ки Сулаймон-писари раиси ҷумҳурро гусел мекарданд, захм бардоштаанд.
Мамнун Ҳусайн-раиси ҷумҳур моҳи сентябри соли 2013 бар қудрат расид.
Тундравҳои Толибон ва ҷудоихоҳони Балуҷистон дар ин вилоят бар зидди нируҳои давлатӣ муборизаро идома медиҳанд.