Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Карамшоев дар фурудгоҳи Волгоград


Шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Шомил Карамшоев рӯзи 21 май ҳангоми тафтиши шиносномаҳои мусофирони парвози Душанбе - Маскав дар фурудгоҳи шаҳри Волгогради Русия дастгир шудааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Карамшоевро марзбонон бар асоси дастури Интерпол дастгир кардаанд. Дар дафтари матбуоти раёсати марзбонии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Волгоград гуфтаанд, Шомил Карамшоев бо гумони даст доштан дар як ҷиноят дар қаламрави Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Ӯро шӯъбаи Интерпол дар вилояти Свердловск, воқеъ дар минтақаи Урали Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Волга-медиа” ва “Блокнот Волгоград” хабар доданд, ки Шомил Карамшоев боздошт шудааст ва ӯро ба шӯъбаи пулиси нақлиёти фурудгоҳи Волгоград супурдаанд. Ба чӣ айбдор шудани Карамшоев эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ дар як “ҷинояти ҷиддӣ” даст доштааст. Таҳқиқи ин қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG