Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо губернатори Иваново


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе бо губернатори вилояти Ивановои Русия Павел Конков мулоқот кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот масоили вобаста ба мушкиоти муҳоҷирони тоҷик ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳиру Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои вилояти Ивановои Русия беш аз 500 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд ва имкон дорад, ки шумораи онҳо дар оянда афзоиш ёбад. Дар ин мулоқот ба ҳамкорӣ ва равобит миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия таъкид шудааст. Ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида ва наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба Русия рост меояд

XS
SM
MD
LG