Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занги камолот" танҳо дар доираи синф


Бо дастури вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол маросими “Занги камолот” дар мактабҳои ҳамагонии кишвар рӯзи 7 июн баргузор шуда, танҳо бо ширкати хатмкунандагони мактаб – шогирдони синфи 11 маҳдуд мешавад. Бар тибқи ин дастур, мӯҳлати баргузории маросими видоъ бо мактаб 45 дақиқа, дар толори мактаб барпо шуда, волидону хешу наздикони мактабиён ба ин маросим роҳ дода намешаванд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷоришавии маҳдудият дар таҷлили “Занги камолот” дар мактабҳо ба қабул шудани Қонун дар бораи танзими расму русум дар Тоҷикистон дар соли 2007 бармегардад, ки ҳадафи он коҳиши харҷу хароҷоти барзиёд дар ташкили маросимҳои ҳам оилавӣ ва ҳам ҷашнҳои ғайрирасмии маъмурӣ, аз ҷумла дар мактабҳои миёна мебошад.

Як сабаби дигар батадриҷ камранг шудани таҷлили иди “Занги камолот” дар мактабҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш бо ширкати мактабиёну наврасон мебошад. Дар гузашта гоҳо маҳз дар рӯзи таҷлили ин ҷашн ҳодисаҳои маргу мири кӯдакони савори мошин, ҳатто ҳодисаҳои дар об ғарқ шудани мактабиён ба ҳангоми таҷлили гурӯҳӣ аз ин ид ба қайд гирифта шудааст.

Ҳоло мақомот мегӯянд, маҳдуд шудани шароити таҷлили ин ҷашн боиси сарфаи вақти мактабиён ва ҳам пулу хароҷоти волидон мешавад.

XS
SM
MD
LG