Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати корманди EUPOL дар таркиши Кобул


Ҳамлаҳо ба корвони мошинҳои EUPOL аз ин пеш ҳам сурат мегирифтанд (Акс аз бойгонӣ)
Ҳамлаҳо ба корвони мошинҳои EUPOL аз ин пеш ҳам сурат мегирифтанд (Акс аз бойгонӣ)

Бар асари ҳамлаи як маргталаб ба мошинҳои нерӯҳои амниятии хориҷӣ дар наздикиҳои фурудгоҳи байнулмилалии Кобул рӯзи 17 май як корманди намояндагии Полиси Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон (EUPOL) ва ду зани афғон кушта шудаанд. Дар ин бора намояндаи вазорати умури дохилаи Афғонистон Наҷиб Дониш хабар дод.

EUPOL ҳам тасдиқ кард, ки дар ин ҳамла як кормандаш ба ҳалокат расидааст. Дар ин ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла, се полиси Иттиҳодияи Аврупо ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ин пештар расонаҳо дар бораи ҳалокати ду духтари навраси афғон ва захмӣ шудани дасти кам 20 нафари дигар хабар дода буданд.

Ба иттилои расмӣ, маргталаб дар канори як постгоҳи амниятӣ миёни фурудгоҳи Кобул ва пойгоҳи НАТО мошини ҳомили маводи таркандаро мошини ҳомили маводи мунфаҷираро ба ду мошини EUPOL задааст. Ба гуфтаи Наҷиб Дониш дар ин ҳодиса се мошин, аз ҷумла, ду мошини намояндагии полиси Иттиҳодияи Аврупо тахриб шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG