Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таълими Амрико ба 22 корманди КДАМ ва ВКД


Амрико ба 22 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон роҳҳои бозпурсии афроди гумонбар дар терроризмро таълим медиҳад. Ин барнома аз сӯи Дафтари барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Вазорати умури хориҷии Амрико сармяогузорӣ ва бо ҳимояти бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе гузаронда мешавад.

Трэй Ҳовертон, муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амнияти Сафорати Амрико дар Душанбе, гуфт, "ҳадаф аз гузарондани ин омӯзиш рушди малакаҳои самараноки гӯш кардану мушоҳида кардан мебошад, ки ба иштирокчиён имкон медиҳад маълумоти тавассути пурсиши гумонбарони терроризм ҷамъшударо ба таври васеъ истифода баранд." Ӯ афзуд, ин давраи омӯзишӣ яке аз чор курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 пешбинӣ шудааст.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии Амрико таъсис ёфтааст. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG