Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Карочии Покистон 43 шиамазҳабро куштанд


Наздикони афроди кушташуда аз ин ҳамлаи хунин ваҳшатзада шудаанд.
Наздикони афроди кушташуда аз ин ҳамлаи хунин ваҳшатзада шудаанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, афроди мусаллаҳ бо тирандозӣ ба як автобус 43 шиамаҳзаб, аз ҷумла занону кудаконро куштаанд. Ҳодиса рӯзи 13-уми май дар шаҳри Карочи сурат гирифтааст. Ғулом Ҳайдар Ҷамолӣ, сардори пулиси минтақа гуфт, ки мусофирони ин автобус дар роҳ ба сӯи як зиёратгоҳи аҳли ташаюъ мавриди ҳамлаи хунини афроди мусаллаҳ қарор гирифтаанд. Онҳо ба дохили автобус даромада ва ба рӯи мусофирон тир андохтаанд ва чанд тани дигарро захмӣ карданд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгарои суннӣ, ки шиаёнро мусулмон намешуморанд, пайваста ин ақаллияти мазҳабии Покистонро ҳадаф гирифтаанд. Шиамазҳабон 20 дар сади аҳолии 200 миллион нафарии Покистонро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG