Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷавонони ИДМ дар Душанбе


Ҷустуҷӯи роҳҳои рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷумлаи 17 пешниҳодест, ки дар як ҳамоише дар Душанбе баррасӣ мешавад. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҷавонон аз кишварҳои Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Арманистон ширкат доранд. Наврӯз Қурбонзода, як масъули Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамоиш дирӯз оғоз ёфт ва имрӯз анҷом меёбад. Ӯ мегӯяд, ба ин ҳамоиш соҳибкорони ҷавон низ даъват шудаанд, то мушкилот ва роҳҳои ҳали рушди соҳикборӣ дар қаламрави ИДМ-ро баррасӣ кунанд.

-Пешниҳод ҳаст, ки соҳибкорони ҷавон миёни ҳам ҳамкорӣ ба роҳ монанд ва дар рушди соҳибкорӣ саҳм гузоранд. Ҳамчунин, масъалаи дар як рӯзи муайян ҳар сол гирди як миз нишаста, мушкилоти мавҷуди ҷавононро баррасӣ кардан низ дар миён аст,-гуфт, Қурбонзода.

Ҳамоиши ҷавонони ИДМ дар ҳоле дар Душанбе баргузор мегардад, ки чанд соли пеш Шӯрои ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил миёни шаш кишвари узви ин созмон таъсис ёфта буд. Нишасти ҷавонони ИДМ дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 23-уми майро ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Тоҷикистон аз соли 1997 пас аз нахутин вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҷавонон баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG