Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон


Рӯзи 12 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом шинохта шудааст. Ба ин муносибат имрӯз бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими идона баргузор мешавад. Дар ин намоиш ҳама намояндагони мактабҳои шашмақомсароӣ даъват шудаанд. Фурқат Саидов, шашмақомсарои тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дарки Шашмақом ниёз ба омӯзиш дар мактабҳои махсуси шашмақомхонӣ дорад ва ин сабки мусиқӣ бояд миёни ҷавонон таблиғ шавад. Шашмақом як навъи мусиқии классикии тоҷикист, ки дар байни мардумони дигари Осиёи Марказӣ низ маъруф аст. Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 1999 таҷлил мешавад. Дар замони Шӯравӣ ҳамаи таронаҳои Шашмақом ба риштаи адвор(нота) кашида шуд.

XS
SM
MD
LG