Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлоли донишгоҳҳоро поймол накунед!"


Гурӯҳе иборат аз 700 устоди донишгоҳҳои Эрон бо ироаи як нома унвонии раисиҷумҳур, раҳбари Қувааи қазоия ва раиси Маҷлис талаб кард, ки дахолати бесобиқа ба умури донишгоҳҳои кишвар қатъ карда шавад.

Ба иттилои хабаргузории ИСНО, Анҷумани устодони донишгоҳҳои исломии Эрон, рӯзи 10 май аз мақомдорон хост, ки пеши роҳи фишори «қонунишуда»-ро бигирад. Дар ин нома аз ҳукумат дархост шудааст, ки ҳама талошро барои ҳифзи мустақилияти донишгоҳҳо ба харҷ диҳад. Вазъи феълӣ, ба гуфтаи муаллифони нома, миёни донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳо нигаронӣ ва эҳсоси беэътимодиро барангехтааст. Устодони донишгоҳҳо аз раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ, раҳбари Қувааи Қазоия Содиқ Аъмолӣ ва раиси Маҷлис Алии Лоринҷонӣ хостанд, ки ҷилавгирӣ аз "фишори қонунишуда" ба донишгоҳҳоро кафолат диҳанд.

Муаллифони нома ниҳоде ё нафари мушаххасеро дар дахолат ба умури донишгоҳҳо айбдор накрадаанд. Аммо дар нома чанд далели ин гуна фишор, аз ҷумла, моҷаро ба думболи як консерт дар донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад, оварда шудаааст.

Аз ин пеш Радиои Фардо навишт, ки ҳудуди як ҳафта пас аз боздошти муовини раиси донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба хотири як консерт дар ин донишгоҳ муовини вазири улуми Эрон ба интиқоди шадид аз масъулони қазоиӣ пардохт ва иқдоми онҳоро "сабук" ва "насанҷида" хонд. Зиё Ҳошимӣ, муовини вазири улуми Эрон дар бахши фарҳанги иҷтимоӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, «ман ин ҳақро барои донишгоҳ ва мудофеъони он медиҳам, ки даъво кунанд ва дар муқобили рафтори сабук ва носанҷида муқовимат кунанд, зеро ақлонияти ҳоким бар донишгоҳ иҷозае чунин рафторҳоеро намедиҳад». Қаблан бархе расонаҳои дохилӣ аз ҷумла Инсофнюз ва Машҳаднюз гузориш доданд, ки Алӣ Юсуфӣ, муовини раиси донишгоҳи Машҳад дар умури фарҳанги иҷтимоӣ, ба хотири консерт дар ин донишгоҳ боздошт шудааст.

Рӯҳонӣ хостори озодиҳои бештар ба донишгоҳҳо шуда буд
Рӯҳонӣ хостори озодиҳои бештар ба донишгоҳҳо шуда буд

Ин хабарро фарзанди оғои Юсуфӣ, масъули равобити умуми донишгоҳи Фирдавсӣ, тайид намуд. Инсоф Нюз аммо ҳамон шаб дар хабари такмилӣ навишт, ки Алӣ Юсуфӣ озод шудааст – ба гуфтаи муовини вазир Зиё Ҳошимӣ, раҳоии Юсуфӣ бо талоши вазири илм ва подармиёнии Имоми ҷумъаи Машҳад анҷом шудааст. Ба гузориши хабаргузориҳои Меҳр ва донишҷӯёни Эрон ИСНО Зиё Ҳошимӣ изҳор дошт, ки вазорат илм ба сурати ҷиддӣ мавзӯъи дар донишгҳои Машҳад иттифоқуфтодаро таъқиб кард ва вазир аз нахустин соати расидани хабар пайгири қазия буд. Ӯ афзуд, «вазорат дар баробари қонун сар хам мекунад, аммо мехоҳад, ки масъулини иҷрои қонун ҳам дар муқобили қавонин сар хам кунанд ва нагузоранд, ки сӯитафоҳумҳо то ба ин ҷо бирасад».

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар барномаи интихобоияш хостори озодиҳои бештар ба донишгоҳҳои Эрон шуда буд. Ҳукумати Эрон талош дорад, то аз ҳама гуна дигарандешӣ миёни донишҷӯёни кишвар ҷилавгирӣ кунад – аз ин пеш ҳадди аққал се бор – солҳои 1999, 2009 ва 2012-2012 донишҷӯён дар маркази эътирозҳои густурда дар Эрон буданд.

XS
SM
MD
LG