Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар паради Маскав ширкат карданд


Як ҷо бо паради низомии Русия як ротаи сарбозону афсарони вазорати дифои Тоҷикистон низ зери фармондеҳии Илҳом Махсумов аз Майдони Сурх гузашт. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар баробари раҳбарони 19 кишвари дигар дар майдон ҳузур дошт.

Ба ҷуз аз ротаи тоҷикон дар паради майдон ҳамчунин низомиён аз Арманистону Озарбойҷон, Беларусу Қазоқистон, Қирғизистону Муғулистон, Туркманистону Ҳиндустон ва Сербистону Чин ширкат дошанд.

Дар маҷмуъ, дар ин парад 200 техникаи низомӣ, 143 ҳавопаймо ва чархбол ширкат доштанд. Баъд аз хатми паради низомӣ ҳамаи раисони ҷумҳур ба пояи ёдгории сарбози номаълум дар боғи Александри назди Кохи Кремл гулчанбар гузоштанд.

XS
SM
MD
LG