Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимпайкараи Саидмӯъмин Раҳимов гузошта шуд


Саидмӯъмин Раҳимов
Саидмӯъмин Раҳимов

Нимпайкараи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов дар ноҳияи Темурмалик гузошта шудааст. Аслиддин Гадоев, раҳбари идораи ҷавонони ин ноҳия, 4 май ба Озодӣ гуфт, “ин иқдом ба нишони эҳтиром нисбат баСаидмӯъмин Раҳимов буда, дар рӯзи бардоштани парда аз рӯи нимпайкарааш мусобиқаи гуштии миллӣ баргузор карда шуд.”

Дар ин мусобиқа паҳлавонони кишвар ва Узбакистони ҳамсоя бо ҳам рақобат карда, барнадагони он ҳамчун шоҳҷоиза соҳиби шутур ва худрав шудаанд.

Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст. Ӯ, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) ва ғолиби Спартакидаи халқҳои СССР (1975) мебошад. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов 13 феврали соли 2009 бар асари сактаи дил дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

XS
SM
MD
LG