Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Теҳрон талоши дастёбӣ ба фанновариҳои ҳастаиро дорад"


Як гузориши маҳрамонаи СММ ҳокист, ки Теҳрон Эрон талош дорад то тавассути ширкатҳои шомил ба «рӯйхати сиёҳ» фанновариҳои ҳастаиро дастрас кунад.

Ин гузориш рӯзи 1 май дастраси бархе аз хабаргузориҳо шуд. Бино ба иттилои Рейтер, дар бораи талоши ширкатҳои зери таҳрими эронӣ барои пайдо кардани фановариҳои ҳастаӣ даҳ рӯз пеш ба Гурӯҳи таҳримҳои СММ Бритониё иттилоъ додааст. Дар гузориши СММ ду ширкати эронӣ Centrifuge Technology Company ва Kalay Electric Company зикр шудаанд, ки аввалӣ таҳти назорати ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад ва дуввумӣ – зери таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ аст. Гурӯҳи таҳримҳои СММ мегӯяд, ки ҳанӯз гузориши Бритониёро таҳқиқ накардааст.

Хабари талоши Теҳрон барои дастёбӣ ба фановариҳои ҳастаӣ аз тариқи ширкатҳои зери таҳрим тақрибан як моҳ баъд аз он нашр шуд, ки Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) дар шаҳри Лозаннаи Швейсария дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад. Эрон ва гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" ҳоло ҷузъиёти созишномаро баҳс доранд ва он бояд то охири моҳи июн имзо шавад.

Коршиносон ва дипломатҳои СММ мегӯянд, ки Эрон солҳо боз тавассути бархе аз ширкатҳо ва бо нақзи таҳримҳо барои дастёбӣ ба фановариҳои ҳастаӣ талош мекунад ва бо вуҷуди талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои водор сохтани Теҳрон ба даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ тавонист ин барномаи худро рушд диҳад. Аммо кормандони хадамоти кашфи Ғарб мутмаинанд, ки таҳримҳои байнулмилалӣ пеши роҳи рушди барномаи ҳастаии Эронро гирифтаанд.

Нусрат Ваҳидӣ, донишманди ҳастаии эронӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эрон воқеъан ҳам дар пайи дарёфти фановариҳои муосири ҳастаӣ аст, вале ширкатҳои номбаршуда, ба гуфтаи ӯ, тавони дарёфти маводи дилхоҳи Теҳронро надоранд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ошкор шудани талоши Эрон барои дастёбӣ ба фановариҳои ҳастаӣ метавонад ба созиши ҳастаии миёни Эрон ва гурӯҳи “Панҷ ба изофаи як” таъсир гузорад. “Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст ва ҳукумат ҳам дар ҳоли ҳозир наметавонад ҷилави инро бигирад. Яъне миёни ҳукумати Эрон ва дастгоҳҳои давру бараш ихтилоф мавҷуд аст, аммо суоли аслӣ дигар аст - ҳукумат чӣ теъдод одамоне дар ихтиёр дорад, ки тавони сохтани силоҳи ҳастаиро доранд”.

Аммо имкони тасвиби созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон то куҷо болост ва оё монеъаҳои ҷиддие дар роҳи ҷилавгирӣ аз имзои он мавҷуданд? Нусрат Ваҳидӣ дар посух ба ин суол мегӯяд, ки аз нигоҳи ӯ, имкони натиҷаи мусбӣ, яъне имзои созиш 70 дар сад аст. “30 дар сади боқимонда – аввалан, мухолифати ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ аз Туркия то Халиҷи Форс аст, ки баъд аз лағви таҳримҳо алайҳи Эрон манфиати иқтисодияшон сахт коҳиш меёбад, сониян – дар дохили Эрон, аз ҷумла, дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, гурӯҳҳои “радикал” ҳастанд, ки, тавре гуфтем, мехоҳанд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбанд. Аммо то куҷо зӯри онҳо барои муқовимат кардан ба имзои созиши ниҳоии ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ мерасад, чизе гуфтан душвор аст”.

Дар ҳамин ҳол сенаторони довталаби курсии раисиҷумҳурии ИМА аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ахиран бо танқиди сахти Эрон гуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз имзои созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон талош хоҳанд кард. Тед Круз, сенатор аз аёлати Техас рӯзи 30-уми апрел Эронро "ягона хатари бузург ба Амрико" хонд ва аз «душмании костаношудании он» ба ИМА танқид кард. Марко Рубио, дигар сенатори ҷумҳурихоҳ ва довталаби курсии раиси ҷумҳури ИМА, гуфт, мехоҳад Сенатро ба қабули санадҳое водор намояд, ки ба эътиқоди ҳукумати Барак Обама, метавонанд монеи имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон шаванд. Ӯ пешниҳод кардааст, созиш бояд фақат ба шарте имзо шавад, ки Эрон давлати Исроилро ба расмият бишиносад.

XS
SM
MD
LG