Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул ва "Толибон" дар Қатар мулоқот мекунанд


Дафтари ҷунбиши "Толибон" дар Қатар
Дафтари ҷунбиши "Толибон" дар Қатар

Ҳайати ҳукуматии Афғонистон ба зудӣ бо намояндагони ҷунбиши “Толибон” дар Қатар мулоқот мекунад. Дар ин бора Атоуллоҳ Лудин, муовини раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон, рӯзи 1 май хабар дод ва гуфт, ки ба ҳайати ҳукуматӣ 20 нафар шомиланд.

Қарор аст, ки музокироти ҳукумати Кобул ва “Толибон” рӯзҳои 3 ва 4 май баргузор шавад.

Як намояндаи “Толибон” ҳам ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки қарор аст ҳам бо мансабдорони афғон ва ҳам бо як ҳайат аз Покистон мулоқотҳои алоҳида доир кунанд. Аз ин пеш “Толибон” имкони ҳама гуна музокирот бо ҳукумати Кобулро рад мекарданд.

XS
SM
MD
LG