Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи лафзии сенаторони амрикоӣ ба Эрон


Тед Круз моҳи март гуфт, ки барои курсии раиси ҷумҳури ИМА мубориза мебарад.
Тед Круз моҳи март гуфт, ки барои курсии раиси ҷумҳури ИМА мубориза мебарад.

Сенаторони довталаби курсии раисиҷумҳурии ИМА аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ахиран бо танқиди сахти Эрон гуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз имзои созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон талош хоҳанд кард. Тед Круз, сенатор аз аёлати Техас рӯзи 30-уми апрел Эронро "ягона хатари бузург ба Амрико" хонд ва аз «душмании костаношудании он» ба Иёлоти Муттаҳида танқид кард.

Марко Рубио, дигар сенатори ҷумҳурихоҳ ва довталаби курсии раиси ҷумҳури ИМА, гуфт, мехоҳад Сенатро ба қабули санадҳое водор намояд, ки ба эътиқоди ҳукумати Барак Обама, метавонанд монеи имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон шаванд. Ӯ пешниҳод кардааст, созиш ба шарте имзо шавад, ки Эрон давлати Исроилро ба расмият бишиносад.

Эрон ва гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) ҷузъиёти созишномаи ҳастаиеро баҳс доранд, ки бояд то охири моҳи июн имзо шавад. Бар пояи ин санад, Эрон бояд фаъолиятҳои ҳастаияшро маҳдуд кунад ва дар ивази ин таҳримоти иқтисодӣ алайҳи ин кишвар ҳам батадриҷ аз байн бардошта шаванд.

XS
SM
MD
LG