Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки 27 апрел дар даргириҳои атрофи шаҳри Қундуз нируҳои Толибон ширкат доштаанд ва он яке аз ҳамлаҳои шадид дар шимоли Афғонистон будааст.
Мақомот мегӯянд, шумораи зиёди шӯришиён ба посгоҳҳои артиш ва пулис ҳамла бурдаанд. Волии вилояти Қундуз мегӯяд, ки шӯришиён 40 дарсади қаламрави ин вилоятро дар контроли худ доранд.
Умар Софӣ-волии вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан 3 ҳазор шӯришӣ дар 5 вулусволии ин вилоят меҷанганд. Вай гуфт, “чунин ба назар мерасад, ки шӯришиён таваҷҷуҳи худро аз ҷануб кандаанд ва акнун ба шимоли кишвар омадаанд”.
Абдулвосеъ Босел-сухангӯи вилояти Қундуз гуфт, баъд аз ҳамла ва куштори 8 корманди амниятии вилоят шӯришиён таҳдид кардаанд, ки баъзе аз қисматҳои маркази вилоят дар дасти онҳост. Дар ин даргириҳо тақрибан 20 нафар шӯришиён низ кушта шудаанд.