Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ аз купруки муҳиме дар Ромадӣ маҳрум монд


Нерӯҳои амниятии Ироқ яке аз купрукҳои калидӣ дар вилояти ғарбии Анборро озод карданд. Мансабдорони низомӣ рӯзи шанбе гуфтанд, ки онҳо купруки Ҳавз аз болои рудхонаи Ифротро баъд аз даргириҳои шадид бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) шоми 24 апрел таҳти назорат гирифтанд. Афсари полис полковник Маҳдӣ Аббос гуфт, ки тайи чанд моҳ таъминоти ситезаҷӯён, аз ҷумла, бо силоҳ бар асари дар ихтиёр доштани ин купрук дар ғарби шаҳри Ромадӣ сурат мегирифт.

Ҳафтаи гузашта мақомоти вилояти Анбор ҳушдор дода буданд, ки амалиёт алайҳи “Давлати исломӣ” дар канораҳои шаҳри Ромадӣ хатари бузург дорад. Аммо рӯзҳои ахир низомиён ва кормандони полиси Ироқ маркази шаҳрро таҳти назорати комил гирифта, ба озодкунии дигар маҳаллаҳои он шурӯъ карданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як амалиёти барқосо дар моҳи июни соли гузашта қаламрави бузурги ғарб ва шимоли Ироқро ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG