Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонҳои кӯмаки Эрон ба ҳусиҳои Яман


Аш Картер
Аш Картер

Аш Картер-вазири дифои Амрико мегӯяд, кишвараш “нигарон” аст, ки киштиҳои Эрон ба шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар Яман мумкин аст силоҳи пешрафта интиқол медиҳад. Вай киштиҳоеро дар назар дорад, ки ба сӯи Яман мераванд.

Аз Аш Картер пурсиданд, оё Амрико омода аст, ки киштиҳои Эронро маҷбурӣ нигоҳ дорад ва онҳоро тафтиш кунад? Картер ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо ҳақи интихоб дорем”.

Картер ҳамчунин гуфт, Вашингтон ба Теҳрон фаҳмондааст, ки “ошкоро доман задани оташ ва талоши ҷонибдорӣ аз як ҷониби даргирро Амрико хуш нахоҳад пазируфт”.

Ин суханони Картер дар ҳоле садо дод, ки як киштии ҳавопаймобари Амрико бо номи USS Theodore Roosevelt ба сӯи обҳои соҳилии Яман роҳ пеш гирифтааст ва ба киштиҳои дигари ҷангии Амрико ҳамроҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG