Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши раҳоии тоҷикони дармонда дар марзи Украин


Сардори Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Ашраф Гулов изҳор дошт, ки ба зудӣ ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки марзи Русия ва Украина дармондаанд, ба воситаи "долони махсус" ба ватан интиқол дода хоҳанд шуд. Дар ҳоли ҳозир ному насаби танҳо 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин марз маълум гаштааст. Онҳо ба хотири иҷрои яке аз амрҳои қонуни Русия барои як дафъа убур кардан аз марзи ин кишвар ба Украина рафта, аммо ба иллати нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия ба онҳо иҷоза дода нашуд, ки дубора вориди ин кишвар шаванд. Масъала замоне доғ шуд, ки дар як наворе дар шабакаи Ютюб гуфта мешуд, садҳо нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ин марз дармондаанд.

XS
SM
MD
LG