Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 3 нафар дар обхезии Австралия


Гурӯҳҳои наҷотбахши Австралия тақрибан 100 нафарро аз обхезӣ дар шаҳри Сидней ва аёлати Уэли Ҷанубии Нав наҷот доданд. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар ин офати табиӣ се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Айни ҳол 200 ҳазор манзил дар қаламрави аёлат бебарқ аст, баъзе аз манзилҳо ҳангоми обхезӣ комилан хароб шуданд.

Дар ҳамин ҳол ҳавосанҷони Австралия аз шиддат гирифтани бод то 100 километр дар як соат ва боронгариҳое ҳушдор медиҳанд, ки шояд бар асари он баъзе аз маҳаллаҳои Сидней зери об монанд. Баъд аз ин вазъи ҳаво беҳтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG