Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Ислом Каримов аломатҳои пирии ӯро ба намоиш гузошт


Матбуоти Узбакистон танҳо матни расмии паёми раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро нашр намуд, дар ҳоле ки пахши зиндаи он аломатҳои пирии раҳбари деринаи Узбакистонро ба намоиш гузошт.

Онҳое, ки рӯзи 10 апрел дар расми савганди Ислом Каримов ширкат карданд, мегӯянд, ин дафъа аломатҳои пирии раисиҷумҳури Узбакистон равшан ба мушоҳида расидаанд.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар синни 77-солагӣ барои панҷ соли оянда савганди вафодорӣ ба мардум ва кишвари худ, аммо ин дафъа борҳо сар аз коғаз бардошт ва хост, озодона ҳарфи дилашро гӯяд.

Матбуоти давлатӣ нусхаи паёми ӯро бо аксҳои чанд солипешаш нашр карданд, вале бидуни порчаҳое, ки ӯ ба таври бадеҳӣ дар расми савганд ба забон овард. Телевизиони давлатӣ низ ҳангоми пахши такрории ин паём порчаҳои “озод”-и паёми президентро қайчӣ зад.

Каримов, ки аксаран талош мекард, худситоӣ накунад, ин дафъа қоидаи худро муроот накард ва гуфт: “Мо ҳаргиз худситоӣ намекунем. Рушди маҳлусоти нохолиси миллии мо 8 дарсад аст. Ин натиҷаи омодагии ҳаррӯзаи мо сар аз замони истиқлолият аст. Яке аз панҷ қоидаи мо ин буд, ки хоҳ аз минбари калон ва хоҳ аз минбари хурд худро таъриф накунем. Агар зарур бошад, ман такрор ба такрор мегӯям, таърифкунӣ, касе ки мадҳ кунад, ин мадҳу ситоиш дар ҳаққи кишваре ҳаст, ки номи худро дорад ва мо ба ин роҳ намеравем.”

Раҳбари Узбакистон вакилони порлумонро “Азизони ман” номида идома дод: “Имрӯз ман бо шумоҳо мулоқот дорам ва агар пурсед, ки чаро, мегӯям, ки пеш аз ҳама шумо шарики манед ва агар зарур бошад, ман ба таври ошкоро мегӯям, агар президент сирру асрорро фош мекунад ва шумо аз ман ин сирру асрорро мешунавед, шумо бо ман наздиктар мешавед.”

Маълум набуд, Ислом Каримов чӣ гуфтан мехост ва баъд аз он ки кафкӯбии вакилон сухани ӯро бурид, ин маъниҳоро идома надод.

Вай рӯ ба дипломатҳое овард, ки дар толор чанд сафро ташкил медоданд. Ҳама интизор шуданд, ки ӯ кадом “сирру асрор”-ро фош мекунад. Вале риштаи сухани ӯ ба самти дигар рафт: “Ман ҳамеша ба дипломатҳо ҳайрон мешудам. Онҳо роҳҳои худро доранд. Онҳо оброӯи маро мегиранд, вале ҳаргиз бо рӯҳияи бад хайрухуш намекунанд. Ин дипломатҳо, сафирон вақте ки давраи кори худро тамом мекунанд, ба гунае бо ман харйхуш мекунанд, ки гӯё дӯстони дерина бошем. Зеро дар ду ё се сол онҳо дӯст мешаванд. Ин қоида шудааст, ки дипломатҳо хайрхуш кардан намехоҳанд. Агар зарур бошад, мегӯям, ки ман эҳтироми мардуми худро ба дипломатҳо мерасонам, ба онҳое, ки ҳоло кор карда истодаанд ва дувум, агар касе аз ман пурсад, ки ҳангоми хайрухуши дипломатҳо ман чӣ мехоҳам, мегӯям, ки мехоҳам мо барои онҳо медале барорем, ки “Ман Узбакистонро дӯст медорам” ном дошта бошад.”

Толор дар авҷи ваҷд кафкӯбӣ кард. Вале рӯшан набуд, паёми Каримов ба дипломатҳои хориҷӣ мусбат буд ё манфӣ ва боз ҳам эҳсос мешуд, ки фикри раисиҷумҳури Узбакистон дар нимароҳ қатъ шуд.

Каримов баъд аз хондани порчаи дигаре аз матни омодашуда бозистод ва аз барқияи табрикии президенти Амрико, Барак Обама ёдовар шуд. Аммо зуд ишора кард, ки матни ин барқия дар рӯзномаҳо нашр шудааст ва ҳама онро медонанд. Дар ҳоле ки боз чизе гуфтанӣ буд, Каримов ба матн баргашт.

Вай таъкид кард, ки ояндаи Узбакистон дар дасти ҷавонон аст ва сипас афзуд, бояд дар кишвар демократия ҷорӣ гардад. Ишораи ба зарурати “демократия” аз тарафи шахсе, ки қариб 25 сол ба ин сӯ як кишварро дар қабзаи оҳании худ нигоҳ медорад ва ҳамагӣ чанде пеш бо роҳи қонунӣ ба давраи ғайриқонунии чаҳоруми раёсат даст ёфтааст, тааҷҷубовар садо дод, аммо Ислом Каримов даъват кард, ки Узбакистон дар ин масъала низ набояд аз дигарон қафо монад.

Баъдан ӯ гуфт, “сармоягузории хориҷӣ чизи хуб аст ва мо бояд пешқазоватҳоро дар ин бобат аз байн барем”. Ҳамин ҷо Каримов боз ба мавзуи ҷавонон баргашт ва илова кард: “Агар мо гӯем, ки насли оянда ояндаи кишварро муайян мекунад, ҳаргиз қафо нахоҳем монд”.

Барои ширкатдорони расми савганд пайванди ду мавзӯи гуногун шарҳ дода нашуд.Аммо ҷумлаи баъдӣ бо садои баландтар ҳамагонро гӯё аз хоб бедор кард: “Президент ин чизро ба шумо гуфта истодааст, натарсед!”

Парешонгуфтории Каримов нишонаи хубе шумурда намешавад, зеро бисёриҳо дарк мекунанд, ки ин дигар аломати заъфи пирии ӯст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар бораи вазъи саломатии ӯ солҳоои охир овозаҳои зиёде паҳн мешаванд ва Каримов ҳафтаҳо аз саҳнаи расмӣ нопадид мешавад. Бо вуҷуди ин бисёриҳо бар инанд, ки Каримов танҳо бо фавташ аз курсӣ хоҳад рафт. Аз нигоҳи конститутсионӣ ин шояд осонтарин роҳи интиқоли қудрат ба ягон шахси дигар аст.

Аммо имконияти дигар ин аст, ки исбот шавад, Каримов дигар аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои раисиҷумҳур баромада наметавонад. Ин ҳолат метавонад барои Узбакистон пайомадҳои хатарноке дошта бошад.

XS
SM
MD
LG