Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши нави муҳоҷират байни Маскав ва Бишкек


Русия ва Қирғизистон роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират қарордоде имзо карданд. Дар маркази ягонаи муҳоҷират дар Подмосковие ин қарордодро Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва аз ҷониби Қирғизистон Алиясбек Алимқулов-вазири кору муҳоҷират ва ҷавонони ин кишвар имзо карданд.

Ин қарордод боз кардани намояндагии муҳоҷирати Қирғизистон дар Русияро дар назар дорад ва он мисли намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Қирғизистон хоҳад буд.

Екатерина Егорова-сухангӯи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ҳоло Арманистону Қазоқистон ва Узбакистону Туркманистон низ метавонанд намояндагиҳои муҳоҷирати худро дар Русия боз ва масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг созанд.

Тоҷикистон дар Русия намояндагии муҳоҷират дорад.

XS
SM
MD
LG