Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубли Русия арзиши худро беҳтар кард


Арзиши рубли Русия каме боло рафт ва 15 апрел барои як доллар ба 50 рубл расид. Аз моҳи ноябри соли гузашта бори аввал арзиши рубл ба чунин поя боло меравад. Дар давоми се рӯзи ахир рубл пайваста мавқеи худро таҳким бахшидааст ва барои 1 доллар ба 49-50 рубл расидааст.

Аз аввали сол то ҳол арзиши рубл 22 дарсад боло рафтааст. Коҳиши арзиши нафт ва таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия сабаб шуд, ки арзиши пули миллии он аз соли 1998 ба ин сӯ ба поинтарин нуқтаи худ бирасад. Ҳатто дар нимаи моҳи декабр як доллар 80 рубл арзиш дошт.

Коршиносон мегӯянд, ки то андозае боло рафтани арзиши нафт ва кам шудани шиддати ҷангҳо дар шарқи Украина сабаби афзоиши арзиши рубл шудааст.

XS
SM
MD
LG