Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд"


Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Масъули кумитаи пайгирии парвандаҳои Бобак Занҷонӣ дар маҷлиси шӯрои исломии Эрон мегӯяд, амволи ин миллиардери эронӣ дар Тоҷикистон шиносоӣ шудааст. Ҳусейни Деҳдаштӣ, дар сӯҳбат бо хабаргузории ИРНА ҷузъиёти ин шиносоиро ошкор накарда, аммо гуфтааст, ҳуҷҷатҳои лозимро ба қувваи қазоия пешниҳод кардаанд. "Афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобак Занҷониро пайгирӣ кардаанд, баъди сафар ба Тоҷикистон фаҳмидаанд, ки бархе аз манобеи муталлиқ ба вай дар ин кишвар вуҷуд дорад,"-шарҳ додааст Деҳдаштӣ.

Дар ҳоле ки як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузор ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст, мақомоти тоҷик мансубияти ин ширкату корхонаҳоро ба тоҷири эронӣ рад мекунанд.

Ҳусейни Деҳдаштӣ мегӯяд, тамоми талоши намояндагони пайгирии парвандаҳои Бобак Занҷонӣ ин аст, ки ҳарчӣ зудтар амволи ӯро аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Эрон бозгардонанд. Ӯ афзудааст, то чанд моҳи оянда музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ низ ниҳоӣ хоҳад шуд ва агар ин мавзӯъ мусбат ҳал шавад, метавон амволи Занҷониро комил ва ҳатто бо фоидааш баргардонд. Вай инчунин таъкид кардааст, “агар тавофуқномаи ниҳоӣ ба имзо нарасад ва амволи Бобак Занҷонӣ ба ҳамин шакл масдудшуда боқӣ монад, бояд ин фард ва дигар дӯстони вай посухгӯ буда, муҳокима шаванд.”

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG