Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов савганди вафодорӣ ёд кард


Ислом Каримов
Ислом Каримов

Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон барои даври ҷаҳоруми раёсати ҷумҳуриаш 10 апрел дар Тошканд дар маросиме савганди вафодорӣ ёд кард.

Ин маросим дар порламон баргузор шуд ва дар он раиси Додгоҳи Қонуни Асосӣ, аъзои кобинаи вазирон ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур ёфтанд.

Каримови 77 сола дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 29 март бештар аз 90 дарсад рай гирифт. Ин дар ҳолест, ки Қонуни Асосии Узбакистон интихоби як шахс ба мақоми раёсати ҷумҳуриро ба ду давра маҳдуд мекунад.

Нозирони САҲА гуфтанд, ки дар интихобот барои Каримов рақиби воқеӣ вуҷуд надошт ва интихобот дорои камбудиҳои қонунӣ ва созмондиҳӣ буд.

Каримов аз соли 1989, яъне аз замони Шӯравии пешин дар Узбакистон зимоми қудратро дар даст дорад. Вай дар ин муддат аксари мухолифони сиёсии худро аз саҳна дур кард.

XS
SM
MD
LG