Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст бар сари таъйини вазири дифои Афғонистон


Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дигарбора дучори як бунбаст шудааст ва ихтилофот миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай боло гирифтааст.

Бо гузашти 7 моҳ аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, то кунун кобинаи вазирони Афғонистон ташкил нашудааст ва ихтилофот миёни миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, рӯзҳои ахир дигарбора авҷ гирифтааст.

Пас аз он, ки раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба номзадии Афзал Лудин ба мақоми вазири дифои Афғонистон мухолифат кард, ӯ номзадиашро пас гирифт. Манобеъ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ихтилофи ҷонибҳо ҳамчунин бар сари таъйини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон будааст.

Ба гуфтаи манобеъ, раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ талаб дорад, ки генерал Атиқуллоҳ Бирёлай раҳбари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон таъйин шавад, аммо раиси ҷумҳури он кишвар шахси дигарро дар ин курсӣ дидан мехоҳад. Аммо Аҷмал Обидӣ, сухангӯи Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯяд, ихтилоф миёни раёсати ҷумҳурӣ ва раёсати иҷроияи он қадар калон нест ва масъалаи пешниҳоди номзад ба мақоми вазорати дифоъ ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Рӯзи гузашта номзади пешниҳодии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба мақоми вазорати дифои он кишвар Афзал Лудин эълом кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ихтилофот, аз номзадии худ ба ин мақом даст мекашад.

Раёсати иҷроии ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки дар робита ба пешниҳоди генерал Лудин ба мақоми вазири дифоъ, тавофуқномаи сиёсии ваҳдати миллӣ ба назар гирифта нашуда буд ва аз ин рӯ ба он мухолифат сурат гирифт.

Сухангӯи раёсати иҷроии Афғонистон Осиф Ошно ба Радиои Озодӣ гуфт, "чун тавофуқи муштарак вуҷуд надошт, баҳсу музокира сурат нагирифта буд, ин ба мухолифати мо рӯбарӯ шуд ва қарор аст дар оянда ҳар як тасмими бузурги миллӣ, ки гирифта мешавад, дар ҳамоҳангии ҳам ва ваҳдати назар сурат бигарад."

Аз чандин моҳ ба ин тараф кобинаи Афғонистон такмил нашудааст ва дар моҳи январ парлумони он кишвар 16 вазири муаррифишуда аз сӯи Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро радд кардаанд. Вазири дифои пешниҳодии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Шермуҳаммад Каримӣ аз сӯи парлумони он кишвар раъйи таъйид наёфт ва ҳамин тавр аз чанд моҳ ба ин тараф, ин вазоратхонаро вазири сарпараст, раҳбарӣ мекунанд.

Талошҳои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ аз сӯи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар асари баҳсҳои шадид сари номзадҳо беш аз ҳафт моҳ ба ин тараф идома дорад. Кобинаи нави ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон 25 вазир дорад, ки 13 тани онҳо аз сӯи раиси ҷумҳур Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва 12 тани дигар аз сӯи раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин мешаванд. Дар ҳоли ҳозир танҳо ҳашт вазир аз сӯи парлумони он кишвар раъйи таъйид ба даст оварда ва 15 вазири дигар ин шабу рӯз ба парлумон муаррифӣ шудаанд, ки қарор аст ин ҳафта мавриди баррасии парлумон қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG