Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин Раббонӣ вазири хориҷии Афғонистон шуд


Парлумони Афғонистон ба Cалоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳақ Улумӣ -- номзадҳои пешниҳодии вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилӣ, раъйи эътимод дод.

Раванди раъйдиҳии 18 номзади пешниҳодӣ дар парлумони Афғонистон баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе доир шуд ва Салоҳиддин Раббонӣ бо 151 раъйи тарафдор, вазири умури хориҷии Афғонистон шуд.

Нурулҳаққ Улумӣ, номзад ба мақоми вазири умури дохилӣ ва Раҳматуллоҳ Набил, номзад ба мақоми Раёсати амнияти миллии Афғонистон низ аз сӯи вакилони парлумон раъйи таъйид ба даст овардаанд. Аклил Ҳакимӣ, номзади вазири молия ва Сардор Муҳаммад Раҳмоноғлу, вазири пешниҳодии иқтисод, Фирӯзиддин Фирӯз, номзади пешниҳодии вазорати тандурустӣ, Саид Ҳусайни Балхӣ, номзади вазорати баргашти муҳоҷирон, Довудшоҳ Сабоҳ, номзади вазорати маодин, Насир Аҳмад Дурронӣ, номзади пешниҳодии вазорати эҳё ва инкишофи деҳот ва Файзмуҳаммад Усмонӣ, номзади вазорати ҳаҷҷ ва авқоф ҳам тавонистанд раъйи эътимоди парлумонро ба даст биёранд.

Аммо Шермуҳаммад Каримӣ, номзад ба мақоми вазорати дифоъ, Аббос Басир, вазири пешниҳодии фавоиди омма, Барно Каримӣ, номзад ба мақоми вазорати мухобирот, Зулмай Юнусӣ, номзади пешниҳодии вазорати маориф, Хотира Афғон, номзади пешниҳодии вазорати таҳсилоти олӣ ва Абдураҳмон Салоҳӣ, номзади вазири зироат, энержӣ ва об, Сардор Муҳаммад Раҳимӣ, номзади вазорати тиҷорат ва саноат, Файзулло Закӣ, номзади пешниҳодии вазорати нақлиёт ва Қамариддин Шинворӣ, номзади вазорати сарҳадот ва қабоил мавриди таъйиди аъзои парлумон қарор нагирифтаанд.

Салоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳақ Улумӣ -- номзадҳои пешниҳодии раиси иҷроӣ дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳоле аз парлумон раъйи эътимод дарёфт карданд, ки қаблан бинобар доштани душаҳрвандӣ, аз сӯи комиссияи умури байналмилалии парлумон, аз суолу ҷавоб маҳрум шуда буданд ва танҳо пас аз тарки шаҳрвандии Бритониё ва Ҳоланд, тавонистанд барномаҳои худро ба парлумон ироа кунанд.

Рӯзи 21 январ парлумони Афғонистон номзадии Салоҳиддин Раббонӣ, номзади вазири умури хориҷӣ, Нурулҳақ Улумӣ, номзади вазорати умури дохилӣ, Содот Нодирӣ, номзади вазорати кор ва умури иҷтимоӣ, Аҳмад Сияр Маҳҷур, номзади вазорати адлия, Файзулло Кокар, номзади вазорати мубориза бо маводи мухаддир, Шоҳзамон Майвандӣ, номзади вазорати умури шаҳрсозӣ ва Ойсултон Хайрӣ,номзади вазорати иттилоот ва фарҳангро ба далели доштани шаҳрвандии кишварҳои дигар ваё дар ҳоли гирифтани чунин шаҳрвандӣ пас гардонида буд. Ба ин тартиб, ҳоло номзадҳои пешниҳодии вазоратхонаҳои умури хориҷӣ ва дохилӣ тарки шаҳрвандии кишвари дувум карданд ва раъйи эътимоди парлумонро ба даст оварданд ва ҳукумат ба ҷои ин панҷ нафар ва ҳамчунин афроде, ки мавриди таъйиди парлумон қарор нагирифтанд, бояд номзадҳои нав муаррифӣ кунад.

Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш мебошад.

XS
SM
MD
LG