Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони панҷ шаҳру навоҳӣ иваз шуданд


Президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел раисони бархе навоҳӣ ва шаҳрҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд ва ба ҷои онҳо афрорди дигарро таъин кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи як фармон раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиёнро барканор ва Миралӣ Раҷабзодаро, ки то ин замон раиси шаҳри Норак буд, иҷрокунандаи раиси ноҳия таъин кард. Ҳамчунин Саидмурод Тағозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод шуда ва ҷои ӯ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия шудааст.

Тибқи як фармони дигари президент Фатҳулло Ҳурматов ба ҷои Раҷабзода Миралӣ раиси шаҳри Норак таъин карда шудааст. Ҳамин тавр, Бобоалӣ Табарзода аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод ва Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин гардид. Ҳамчунин Маҷидӣ Мӯҳтадӣ Хайрулло, аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод кард шуд ва дар ҷои ӯ Ориф Хоҷаев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шудааст.

XS
SM
MD
LG