Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Ситодҳои кулли СПАД дар Қайроқум


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Субҳи рӯзи панҷшанбеи 9-уми апрел дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳарбии сардорони Ситоди кулл ва дидори кории раҳбарони разведкаҳои ҳарбии Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) шурӯъ шуд. Дар ин ҷаласа ҳайатҳои Ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва котиботи ин созмон иштирок доранд. Генерал-майор Зариф Шарифзода, сардори Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, дар ин ҷаласа беш аз 10 масъала, аз ҷумла таҳлили вазъи бехатарӣ дар минтақаи кишварҳои узви СПАД , омодагии нерӯҳои вокуниши фаврии ин созмон дар иҷрои масъулиятҳои пешбинишуда, фаъолияти пойгоҳҳои таълимии ин созмон, ташкили чораҳои муштараки амалиёт ва омодаги ҷангӣ барои соли 2015, ворид намудани тағйирот дар нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии самтҳои муҳими густариши ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои узви СПАД то соли 2020 ва масоили дигари марбут ба фаъолияти минбаъдаи ин созмон, таҳлили ва баррасӣ мегардад. Дар назар аст вобаста ба натиҷаҳои ин ҷаласа, санадҳо ба имзо расида, дар охир нишасти матбуотӣ баргузор гардад.

XS
SM
MD
LG