Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду роҳсози тоҷик дар ҳодисае дар МКАД


Фоҷиа дар вилояти Брянск ҳам боиси марги ду тоҷик шуда буд
Фоҷиа дар вилояти Брянск ҳам боиси марги ду тоҷик шуда буд

Бар асари ба гурӯҳи роҳсозон бархӯрдани як мошини сабукрав дар Маскав, ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Як масъули дафтари матбуоти Раёсати давлатии бехатарии ҳаракати роҳ (ГИБДД) дар шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса шоми рӯзи душанбе дар километри 19-уми МКАД, шоҳроҳи ҳалқапайванди пойтахти Русия, ба вуқӯъ пайваст – ронандаи мошини “Митсубиси Лансер” ҳангоми ҳаракат ба гурӯҳи роҳсозон бархӯрд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд, чаҳор каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар бораи ҳуввияти роҳсозони ба ҳалокатрасида иттилое зери даст надоранд.

Аммо Амриддин, як сокини шаҳраки Навобод, дар як тамос бо Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки ҳарду нафари ба ҳалокат расида – сокинони водии Раштанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо Анвар ва Субҳон ном доштанд ва сокинони рустои Пеҷеи поёни ҷамоати Боқӣ Раҳимзода ва рустои Порвоғи ҷамоати Тагоба буданд. Боз як нафари дигар бо номи Мардон дар ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, ҳоло дар бемористон аст. Ба иттилои Амриддин, онҳо чанд соли охир дар идораи таъмири роҳҳо дар Маскав кор мекарданд.

Миёнаҳои моҳи гузашта ҳам дар бораи ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар роҳ хабар расида буд. Дар шоҳроҳи Брянск - Новозибкови Русия бар асари ба мошини боркаши "Рено" бархӯрдани як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон 17 нафар ҷон бохтанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари қурбониёни садама шаҳрвандони Узбакистонанд ва миёни онҳо ду тоҷик - Вайсиддин Ҳасанов, зодаи ноҳияи Нуробод ва Сикандар Саидхоҷаев, зодаи ноҳияиТоҷикобод ҳам будаанд.

XS
SM
MD
LG