Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи раҳоии Хадиҷа аз сӯи Фридом Ҳаус


Хадиҷа Исмоилова

Ҳомиёни демократия дар Фридом Ҳаус ё Хонаи Озодӣ даъват кардаанд, ки барои раҳоии Хадиҷа Исмоилова аз зиндон маъракаи фишор ба ҳукумати Озарбойҷонро оғоз кунанд. Хонаи Озодӣ як созмони ғайридавлатист.

Арч Паддингтон-муовини раиси Фридом Ҳаус 30 март дар блоге навишт, ки ин маърака бояд ба маъракае шабоҳат дошта бошад, ки дар натиҷаи он ахиран 3 рӯзноманигори Алҷазира дар Миср аз зиндон раҳо шуданд.

Паддингтон гуфтааст, ки иттиҳомоти зидди Исмоилова, ки бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард, ангезаи сиёсӣ дорад. Исмоилова бештар дар бораи дороиҳо ва ришвахориҳои нухбагони сиёсии Озарбойҷон ва хонаводаи Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур менавишт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG