Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи куштори Фархунда дар Кобул


Садҳо нафар аз сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон, дар як намоиши эътирозӣ рӯзи 23 март хостори муҷозоти онҳое шуданд, ки як занро бо иттиҳоми сӯзонидани нусхаи Қуръони шариф то мурданаш латукӯб карданд ва баъд ҷасадашро оташ зада ба рӯдхона андохтанд. Қурбонии ин ҳодиса - Фархунда, донишҷӯи 27-солаи як мадрасаи динӣ, ба гуфтаи пайвандонаш, бемории рӯҳӣ дошт.

Ба иттилои полис, ягон далели аз сӯи Фархунда сӯзонида шудани нусхаи китоби муқаддас мавҷуд нест.

Эътирозгарон роҳи канори масҷидеро, ки он Фархунда кушта шуд, бастанд ва то соҳили рудхона раҳпаймоӣ карданд.

Мақомоти қудратӣ 13 нафарро бо иттиҳоми куштор боздошт карда, 13 корманди полисро, ки дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштанд ва аммо садди роҳи куштор нашуданд, муваққатан аз мақом барканор намуданд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ кушторро маҳкум кард ва хостори тафтиши қазия шуд.

XS
SM
MD
LG