Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" масъули ҳамла дар Тунис


Масъулияти ҳамла ба осорхонаи Бардои Тунисро гурӯҳи “Давдати исломӣ” бар дӯш гирифт. Дар ин бора рӯзи 19 март шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” дар "Твиттер" хабар дод. .

Аз ин пеш Ҳабиб Ёссид, нахуствазири Тунис рӯзи 19 март гуфт, шахсияти ду нафаре, ки дар осорхонаи Бардо сӯи сайёҳон оташ кушода буданд, шиносоӣ шуд. Онҳо Ёсин Лаъбидӣ ва Ҳотам Ҳашнаӣ, шаҳрвандони Тунисанд, ки дар набард бо полис ба ҳалокат расиданд.

20 нафар аз 23 қурбонии ҳамла ба осорхонаи Бардо, ки рӯзи 18 март сурат гирифт, сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Австралия, Испания, Италия, Колумбия, Лаҳистон, Фаронса ва Ҷопонанд. Дар ҳамла ду сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, як корманди полис ҳам ба ҳалокат расидаанд. Беш аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар бинои ҳамшафат – парлумони Тунис баррасии қонун дар бораи ташдиди мубориза бо терроризм идома дошт.

Шоми чаҳоршанбе Шӯрои амнияти СММ ҳамла ба осорхонаи Бардои Тунисро шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти Шӯрои амният омадааст, ягон ҳамлаи террористӣ садди ин кишвар дар роҳ сӯи демократия нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG