Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ як бахши Тикритро ишғол кард


Артиши Ироқ як бахши шаҳри Тикритро аз зери назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” берун кард. Дафтари Раед ал-Ҷубурӣ, волии вилояти Салоҳиддин, рӯзи 11 март хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ нисфи минтақаи Қудусияро аз ситезаҷӯён озод карданд.

Акнун нерӯҳои ҳукуматӣ ва шибҳанизомиёни шиа талоши таҳти назорат гирифтани қисмати шимолии Тикритро доранд. Низомиёни ироқӣ мегӯянд, ки барои ишғоли шаҳр мерганҳо ва минаҳои сарироҳӣ монеъ мешаванд.

Як рӯз пеш артиши Ироқ шаҳри Ал-Алам, воқеъ дар шимоли Тикритро, аз мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карда буд.

Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ даҳ рӯз пеш амалиёти густурда ба хотири таҳти назорат гирифтани шаҳри Тикритро шурӯъ карданд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳрро моҳи июни соли гузашта ишғол карда буд.

Бар пояи хабарҳо, дар ҳамоҳангсозии амалиёт бо ширкати 30 ҳазор афсару сарбози ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ мушовирони низомии Эрон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG