Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бордюжа ба Душанбе ва раёсати Тоҷикистон дар СПАД


Николай Бордюжа.
Николай Бордюжа.

Имрӯз боздиди Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистон оғоз мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Тоҷикистон корӣ буда ва то 14 март идома мекунад. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди масъулони дафтари матуботи СПАД, дар ҷараёни ин сафар, Николай Бордюжа бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Шералӣ Мирзо ва Сироҷиддин Аслов, вазирони дифоъ ва корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти ин кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом медиҳад. Ин манбаъ афзуд, ки дар ин мулоқотҳо самтҳои муҳими раёсати Тоҷикистон дар СПАД дар соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ мешаванд. Қарор аст, соли ҷорӣ дар чорчӯби СПАД, нишасти шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаи шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар моҳҳои апрел ва май дар шаҳри Душанбе, баргузор шаванд. Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷузъ Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.

XS
SM
MD
LG