Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шакки ёрони Немтсов ба "қотилон"-и эълоншуда


Иля Яшин
Иля Яшин

Яке аз ёрони Борис Немтсов-раҳбари фақиди мухолифони сиёсии Русия мегӯяд, ки вай аз гуфтаи мақомот дар бораи даст доштани исломгароён дар куштори Немтсов шак дорад.

Иля Яшин-ҳамраиси ҳизби сиёсии Немтсов 9 март дар сафҳаи Twitter-и худ навишт, ки ин таъбири мақомоти расмӣ дар бораи куштори Немтсов ба воқеият наздик нест, вале он барои мақомот муҳим аст, то аз ин роҳ Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро аз зери зарба берун оранд.

8 март додгоҳи Маскав ду марди қафқозӣ Анзор Губашев ва Заур Дадаевро ба куштори Немтсов муттаҳам кард. Ин куштор 27 феврал дар наздикии Кохи Кремл рух дод.

Дадаев ва 4 нафари дигари гумонбарони ин куштор 7 март дар Маскав боздошт шуданд. Қодиров дар сафҳаи Instagram-и худ Дадаевро “ватанпарасти воқеии Русия” номид, ки аз аксҳои танзомези Муҳаммад дар маҷаллаи “Charlie Hebdo” ба қаҳр омада буд.

Қодиров дар сафҳаи Instagram-и худ аз Заур Дадаев гумонбари куштори Борис Немтсов-раҳбари мухолифони Русия ҳимоят кард ва вайро мусулмони воқеӣ номид.

XS
SM
MD
LG