Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Ислом Каримов ба Эмомалӣ Раҳмон


Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, бо ирсоли як нома Эмомалӣ Раҳмонро барои пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи парлумонии 1 март табрик гуфтааст.

Дар ин номаи ҷаноби Каримов, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, омадааст, “муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ғалаба ба даст овардани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред.”

Дар идома мехонем, “бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоишро таманно дорам.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG