Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демси: "Нақши Эрон метавонад мусбат бошад"


Як генерали баландрутбаи амрикоӣ гуфт, кӯмаки мустақими Эрон барои пок кардани шаҳри Тикрити Ироқ аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ “чизи мусбат” аст, ба шарте ба оташи низоъҳои мазҳабӣ равған нарезад. Мартин Демси, сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, гуфт, Эрон ва вобастагонаш аз соли 2004 дар Ироқ фаъолият доштанд, аммо ширкат дар амалиёти Тикрит сатҳи нави ҳузури Эрон дар ин амалиётро нишон медиҳад. Мартин Демси дар нишасти Кумитаи низомии Сенати Амрико рӯзи 3-уми март гуфт, аз се ду ҳиссаи размандагони шиамазҳаб, ки дар ҷанг ба зидди аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Тикрит ширкат мекунанд, дар Эрон қароргоҳ доранд. Сеяки дигари нерӯҳо ба гуфтаи Мартин Демси аз ҳисоби сарбозони артиши Ироқ аст. Шаҳри Тикрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, диктатори собиқи Ироқ ва умдатан суннинишин аст. Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, агар ин размандагон “боварибахш” амал карда ва шаҳри Тикритро аз ҳузури гурӯҳи Давлати исломӣ пок кунанд, дар он сурат амалашон “дар корзори набард ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ” чизи мусбат аст.

XS
SM
MD
LG