Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Немтсовро аз тарси ифшои роз куштанд


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, Борис Ннмтсов-сиёсатмадори мухолифи давлати Русия барои он кушта шуд, ки мехост далелҳои даст доштани Русия дар муноқишаҳои шарқи Украинаро фош кунад.

Порошенко дар як сӯҳбати телевизионӣ 28 феврал изҳор дошт, киНемтсов ба вай чанд ҳафта пеш гуфта буд, ки мехоҳад парда аз рӯи ширкати Русия дар муноқишаҳои низомии шарқи Украина ва бӯҳрони Украинаро бардорад. Порошенко гуфт, касе аз ифшои ин асрор меҳаросид ва “вайро кушт”.

Немтсов аз мунақиддони аслии президент Путин мегуфт, ки Путин муноқишаҳои Украинаро созмондиҳӣ мекунад. Путин, ки даст доштани Русия дар муноқишаҳои шарқи Украинаро рад мекунад, ҳоло қавл додааст, ки қотилони Немтсовро пайдо мекунад ва онҳоро ба муҷозот мекашонад.

Порошенко Немтсовро дӯсти Украина ва ватанпарасти Русия номид.

XS
SM
MD
LG