Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимзода ба Эрон рафт


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 18 феврал бо сафари корӣ ба Эрон рафтааст. Дафтари матбуоти ВУД мегӯяд, “ҳадаф аз ин сафар тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аст”.

Қарор аст, дар ҷараёни сафараш, Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои эронии худ -- Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ мулоқот карда, аз сохторҳои Вазорати умури дохилии Эрон ва Донишгоҳи пулиси ин кишвар боздид кунад.

Оқои Раҳимзодаро як ҳайат аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG