Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 фоизи амрикоиҳо Русияро душман мехонанд


Теъдоди амрикоиҳое, ки Русияро “душмани асосӣ” мехонанд, ду баробар афзоиш ёфтааст. Бар пояи як таҳқиқоти тозаи Маркази таҳлилии Gallup, агар соли 2013 ду дар сад ва соли гузашта нӯҳ дар сади шаҳрвандони ИМА Русияро душмани асосии кишварашон мехонданд, имсол ин рақам то 18 дар сад расидааст.

Радиои “Садои Амрико” бо нашри ин хабар мегӯяд, Русия дар афкори амрикоиҳо оид ба душманони аслии кишварашон аз Кореяи Шимолӣ, Чин ва Эрон ҳам болотар ҷой гирифт. Айни ҳол фақат 15 дар сади мардуми Амрико аз Кореяи Шимолӣ чун душман ном мебаранд.

Назарпурсии Gallup рӯзҳои 8-11 феврал, чанд рӯз қабл аз имзои созиш миёни нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс доир карда шудааст.

XS
SM
MD
LG