Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон оташбасро риоят накарданд


Киев мегӯяд, ки баъд аз ҷорӣ шудани оташбас дар 24 соати аввал ба сӯи нируҳои ҳукуматии Украина 112 бор аз тарафи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия тирандозӣ сурат гирифтааст. Оташбас 15 феврал ҷорӣ шуд.

16 феврал Павел Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина гуфт, ки кишвараш оташбасро комилан риоят мекунад, вале вай “террористҳои Донетск ва Луҳанскро” муттаҳам кард, ки аз тӯпхонаву аслиҳаи пиёданизом ва мушакандозҳои Град ҳамла мекунанд.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли як афсари Украина навиштааст, ки аз замони эътибори оташбас 5 нафар низомиён кушта ва 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳам нируҳои ҳукуматии Киев ва ҳам ҷудоихоҳон гуфтаанд, ки техника ва аслиҳаи вазнини худро фаро хоҳанд хонд, зеро ҳамлаҳо идома доштааст.

XS
SM
MD
LG