Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Ҷекӣ Чан аз ҷомеаи Чин узр пурсид


Писари Ҷекӣ Чан, ҳунарпешаи шинохтаи Ҳолливуд, ки баъди ним соли адои ҳукм аз зиндон озод шуд, барои гуноҳаш узр пурсид. Ҷейсӣ Чани 32-сола дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин гуфт, аз рафтораш, ки сабаби боздошти ӯ, ҳунарпешаи тайванӣ Ко Кай ва чанд нафари дигар шуд, пушаймон аст. Моҳи августи соли 2014 маъмурони пулиси Чин дар хонаи Ҷейсӣ Чан дар шаҳри Пекин 100 грам мариухана пайдо карданд. Пулис гуфт, ки писари Ҷекӣ Чан ва Ко Кай аз ин маводи мухаддир истифода бурдаанд. Баъди ин моҳи декабр пулиси Чин Ҷейсӣ Чанро расман «ба фароҳам кардани шароити истеъмоли маводи мухаддир барои дигарон» гунаҳкор донист. Писари Ҷекӣ Чан дар нишасти хабарие, ки аз телевизиони давлатии Чин мустақиман намоиш дода шуд, сари таъзим фуруд овард ва узр пурсид ва гуфт, ки ният дорад, аз ин баъд вақту қувваташро барои ҳунарпешагӣ ва хонаводааш сарф кунад.

XS
SM
MD
LG