Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Дебалтсево барои муддате қатъ шуд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Украина розӣ шудаанд, ки ҷанг барои муддате дар шаҳри Дебалтсево қатъ шавад, то мардуми осоиштаро аз манотиқи даргирӣ берун кунанд. Дар ин бора Вячеслав Аброскин, як мақоми вазорати умури дохилии Русия, ба хабаргузории “Франс Пресс” хабар додааст. Ба гуфтаи ҷудоиталабон, оташбаси муваққатӣ аз соати 10 то 16-и вақти маҳаллӣ идома мекунад ва даҳҳо автобусҳои ҳомили мардум шаҳри Дебалтсеворо тарк кардаанд. Пештар аз ин хабаргузории “Ройтерз” гузориш дод, ки даҳҳо автобуси холӣ зери назорати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба самти Дебалтсево ҳаракат мекунанд. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки вақти ҳаракати автобус тирандозӣ мушоҳида намешуд. Дебалтсево як минтақаи борикест, ки дар дили вилояти Донестк қарор дорад ва дар дасти нерӯҳои давлатӣ аст. Бақияи Донетскро ҷудоиталабон зери назорат доранд. Шаҳри мазкур чанд ҳафта аст, ки ба майдони даргириҳои шадид байни ду тараф табдил шудааст. Созиши кӯтоҳи оташбасро дар ҳоле эълон карданд, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтанд, барномаи нав сулҳ дар Украинаро рӯзи 7-уми феврал ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Украина пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG