Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Русия бояд ба муноқиша хотима диҳад


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 5 феврал аз Русия тақозо кард, ки “барои хотима додан ба хунрезӣ” дар Украина уҳдадориҳои худро иҷро кунад. Вай афзуд, “Маскав бояд кӯмак ба ҷудоихоҳонро хотима диҳад ва нируҳову аслиҳаи худро аз Украина фаро хонад. Ба ҷудоихоҳон фишор орад, то оташбасро риоя кунанд”.

Ҷон Керрӣ дар Киев гуфт, ки Вашингтон ҳали сулҳомезро мехоҳад, вале “наметавонад аз тонкҳои Русия, ки аз марз ба қаламрави Украина мегузаранд, чашм пӯшад”. Ҷон Керрӣ гуфт, “Русия таҷовуз ба шарқи Украинаро идома медиҳад ва он таҳдиди фоҷеаомез ба Украина аст”.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико ин суханонро дар ҳоле изҳор дошт, ки баъд аз музокирот бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина қарор дошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбарони Фаронсаву Олмон барои қатъи хунрезӣ ва таъмини сулҳ ба Маскав сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG