Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Лавров бо Бердимуҳаммадов


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Ашқобод бо Қурбнгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард. Лавров баъд аз сафари Чин 3 феврал вориди Ашқобод шуд.

Баъд аз мулоқот бо Бердимуҳаммадов вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки вай бо раҳбари Туркманистон дар бораи вазъ дар Осиёи Миёна ва кишварҳои атрофи он, аз ҷамла роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Лавров изҳор дошт, ки “онҳо дар бораизарурати таҷлил аз 70 солагии пирузӣ дар ҷанги Бузарги Ватанӣ”он гуна, ки дар Русия аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ном мебаранд, изҳори ақида кардаанд.

Бо наздик омадани солгарди бохти Олмони нозӣ дар моҳи май Русия беш аз пеш Ғарбро муттаҳам мекунад, ки гӯё мехоҳад таърихи ҷангро бознависӣ кунад ва саҳми Шӯравиро дар пирузӣ ночиз нишон диҳад.

Русия бо ин кишвари дорои захираҳои зиёди газ робитаи хуб дорад.

XS
SM
MD
LG