Раёсати Оҷонсии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабариаш гуфт, аз ҳисоби қарзҳои хурд ба соҳибкорон ва сокинони эҳтиёҷманди минтақа ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ қарзҳои бефоиз додааст. Сайдаҳмад Пириев, сардори Оҷонсии шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб рӯзи 29 январ гуфт, дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ин Оҷонсӣ дар соли 2014 ба маблағи 2090367 сомонӣ қарзи бефоиз ба соҳибкорони хурд ва сокинони эҳтиёҷманд ноҳияҳои минтақа дода шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар соли гузашта ба Оҷонсии шуғли аҳолии минтақа 10333 нафар, аз ҷумла 4866 бекор муроҷиат кардаанд.