Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо муовини С.Шойгу


Муовини вазири дифои Русия баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, онҳо масоили ҳамкории низомӣ байни ду кишвар ва аминяти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳгои НАТО аз Афғонистонро баррасӣ карданд. Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки амнияту субот дар Тоҷикистон ба манфиати Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Таъкид гардидааст, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт. Муовини вазири дифои Русия рӯзи душанбе ба Тоҷикистон омад ва бо мақомоти дигари тоҷик низ мулоқоту гуфтугӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG