Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиён ду гаравгонро эъдом карданианд


Кэндзӣ Гото
Кэндзӣ Гото

Ситезаҷӯён аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” таҳдид кардаанд, ки гаравгонҳои ҷопонӣ ва урдуниро баъд аз 24 соат эъдом мекунанд. Сабти видеоии ин таҳдид рӯзи сешанбе дар интернет пайдо шуд.

Дар як нишасти фаврӣ дар Токио мақомоти баландпояи Ҷопон талош кааданд, то куҷо асл будани навори видеоиеро муқаррар кунанд, ки дар он хабарнигор Кэндзӣ Гото саб шудааст. Афроди мусаллаҳ Готоро ҳамроҳ бо тоҷири ҷопонӣ Ҳаруна Юкава, ки рӯзи 24 январ эъдом шуд, гаравгон гирифта буданд.

20 январ ситезаҷӯён эълом доштанд, ки омодаанд ба ивази пардохти 200 миллион доллар ҳарду ҷопониро раҳо кунанд.

Баъд аз куштори яке аз ҷопониҳо мусаллаҳони “Давлати исломӣ” талаби худро тағйир доданд – акнун онҳо ба ивази озодии Гото ва халабони урдунӣ Муат ал-Касиасбеҳӣ, ки охири моҳи гузашта ба дасти ситезаҷӯён уфтода буд, раҳоии шаҳрванди Ироқ Соҷида ар-Ришавиро талаб доранд.

Соҷида ар-Ришавӣ баъд аз талоши номуваффақи ҳамлаи террористӣ боздошт шуд ва ҳоло дар як маҳбаси Урдун нигаҳ дошта мешавад.

XS
SM
MD
LG